Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ

993

Дар шароити пандемия ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии COVID-2019 аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва тамоми сохторҳои давлатӣ дар ҳамбастагӣ, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида, чораҳои беҳдоштӣ андешида мешаванд.
Ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар, намояндагони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар бо мақсади пешгирӣ намудан аз бемории коронавирус COVID-19 аксияи "Ниқоб ва яхмос", дар маркази шаҳри Бохтар доир карда шуд.
Дар рафти аксия аз ҷониби кормандони милитсия ва ҷавонони фаъол ба аҳолӣ яхмос ва ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон тақсим карда шуда, пӯшидани ниқоб ва ҳар лаҳза шустани дастонро ба мардум ташвиқ намуданд.

994995996

Мавриди зикр аст, ки чунин иқдомҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур гузаронида мешаванд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика