Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хушҳолии сарбозон аз соҳибкасбӣ

987

Имрӯз (12.08.с.2020), дар Қисми низомии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, воқеъ дар деҳаи Қулпистаи ноҳияи Рӯдакӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 60 сарбоз аз рӯи ихтисосҳои ошпаз, устои сартарош, устои кандакор диплом супорида шуд.
Чорабинии мазкур бо иштироки муовини фармондеҳи Қушунҳои дохилии ВКД дар майдончаи сафороии қисми низомӣ сурат гирифт.
Ҷиҳати таъмини дастури роҳбарияти Олии кишвар ВКД заминаи касбомӯзиро дар қисмҳои низомии Қушунҳои дохилӣ фароҳам овардаст, ки метавонад барои соҳибкасб шудани сарбозон мусоидат намояд.
Чунин заминаи касбомӯзӣ дар Қисми низомии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта, бо ҷалби омӯзгорони омӯзишгоҳу коллеҷҳои таълимии ин ниҳод аз рӯи се ихтисос ошпаз, устои сартарош, устои кандакор тайёр карда шуданд.
Тавре таъкид рафт, ҳангоми сафарбар намудан ба касбомӯзӣ майлу хоҳиши сарбоз ба инобат гирифта шуда ихтиёрӣ сурат мегирад. Муҳлати таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ се моҳ муқаррар гардида, баъди аз худ кардани нозукиҳои касб ба сарбозон диплом супорида мешавад.

988989991

Дар маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ, роҳбарияти Раёсати қушунҳои дохилӣ сарбозони соҳибкасбгардидаро табрик намуда, ба онҳо тавсия доданд, ки ҳунарҳои азхудкардаро ба нафъи халқу миллат сарф намоянд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Муродалӣ Саидзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика