Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки дар давоми солҳои 2016 то 2019, дар кӯчаи Пушкини пойтахт марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор, ҷойи кораш директори ҶДММ “Хушнуд”, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазору 366-доллари амрикорӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз бинои навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Пушкин хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин бо ҳамин роҳ номбурда соли 2017, дар кӯчаи Пушкин ба боварии зани 43-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 61 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз бинои навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Пушкин хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика