Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

985

Санаи 11-уми августи соли 2020 мувофиқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферволд), бо иштироки кормандони РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва муовинони сардорони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии дар минтақа қарордошта оид ба самти хизмат ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар оғози семинар намояндагони ин ташкилот оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад намуданд.
Дар рафти семинари мазкур сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Дар доираи ислоҳоти милитсия шаҳрвандон фаъолона ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамоянд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки тайи чанд соли охир бовариву эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хусус милитсия боз ҳам вусъат ёфта, саҳми онҳо дар пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ назаррас мебошад.

986719

Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида, дар ин ҷода як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардиданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика