Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки пеш дастгиршуда марди-60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гуруҳи муташакилли ҷиноятии созмондодааш ва бо силоҳи оташфишони автомати тамғаи “Калашников”, мардони 50 ва 59-солаи сокинони шаҳри Душанберо дар дохили автомашинаи шахсии яке аз онҳо тамғаи “ВАЗ-2106” нигоҳ доштаан. Баъдан санаи 3-юми январи соли 1993, бо супориши гумонбаршаванда марди 72-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи мазкур ва ду нафар шахсони силоҳдори бо тафтишоти пешакӣ номаълум ҳарду ҷабрдидаро бо мақсади аз ҳаёт марҳум кардан ба соҳили дарёи Вахш ҳудуди деҳаи Сари-Пул-1, ҷамоати деҳоти Ф.Саидови ноҳияи Кӯшониён бурда, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи “Макаров” ба тарафи номбурдагон тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа якеашон ҷароҳат бардошта ба дарё афтида ба ҳалокат мерасад ва нафари дигарашон барои наҷот ёфтан худро ба дарёи Вахш партофта ба самти ҷараёни об шино мекунад. 

Нисбати марди 72-сола ва дигарон ҳаммаслаконаш оиди куштори номбурда бо моддаи 104 (таҳрири соли 1996 одамкушӣ) ва оиди суиқасди куштори нафари дигар бо моддаи 15-104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика