Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр дар соли 2019, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1 миллиону 147 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, ғайб задааст.
Боз ӯ бо ҳамин тарзу усул бо роҳи фиреб ба воситаи шахси сеюм ба боварии марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 88 ҳазор сомониро гирифта, ғайб задааст.
Инчунин ӯ бо роҳи фиреб ба воситаи марди 34-сола ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 115 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Боз ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, ба воситаи ӯ аз марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод, 234 ҳазор сомонӣ, чорвои майдаи шохдор гирифта ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ номбурда ба шахсони дар боло зикршуда, маблағи умумии 1 миллиону 584 ҳазору 500-сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика