Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат

Рӯзи 10-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Шаҳбози Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи “Опел-Атра” таҳти идораи Салимов Хуршед Мусулмонович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Тайота-Королла”, Салимов Х. ва мусофирони дар дохили он буда Қурбонова Мавҷуда, соли таваллудаш 1990, Қурбонова Сафаргул, соли таваллудаш 2020, сокинони шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофирони дигар: Одинаева Мадина Бобоевна, соли таваллудаш 1983 ва Қурбонов Сарафроз Акаҷонович, соли таваллудаш 2006, сокинони ҳамон ҷо, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика