Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

972

Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дорад, ки таъсири он, хусусан, соли ҷорӣ ба Тоҷикистон низ шиддат гирифт. Тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард. Бинобар ин, дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам гардидааст. Мусаллам аст, ки агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ метавонад пеш ояд.
Вобаста ба ин, дар асоси талаботи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи тасдиқ кардаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, кормандони Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия бо мақсади мусоидат намудан ба истифодаи сарфаю сариштакоронаи қувваи барқ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои тассаруф ва ғайримақсаднок истифода бурдани он, инчунин барқарор намудани маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ ва таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар муассисаву корхонаҳо, иншооти мухталиф ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, чунин чорабиниҳои мақсадноки муштарак дар корхонаву иншооте, ки ҳамчун истифодабарандагони ҳаҷми зиёди нерӯи барқ ба шумор мераванд, ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар рафти гузаронидани чорабинӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ муайян карда шуд, ки дар баъзе аз корхонаву иншоот аз ҷониби масъулини он ба истифодаи оқилонаву сарфакоронаи қувваи барқ дар сатҳи зарурӣ диққат дода намешавад. Бинобар ин, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД нисбати роҳбарону масъулони чунин иншоот чораҳои маъмурӣ андешида, ба онҳо амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва огоҳнома оид ба риояи қатъии вазъи бехатарӣ аз сӯхтор, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи онро супориданд. Ҳамчунин бо коргарону хизматчиён корҳои дастурдиҳию фаҳмондадиҳӣ оид ба сарфакории нерӯи барқ ва риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузаронида, вобаста ба моҳияти он суҳбатҳои муфид анҷом доданд. Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то ки сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон азият накашанд.

973

Ба ҳамагон маълум аст, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо имрӯз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем. Бинобар ин, бо дарназардошти вазъияти ба амал омада ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд. Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз нерӯи барқро оқилонаю сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.
Қобили қайд аст, ки чунин чорабиниҳои муштараки мақсаднок аз тарфи кормандони СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика