Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалиёти муоинаи техникӣ дар ВМКБ

958

Ҳамасола бо супориши роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва РВКД дар ВМКБ бо мақсади ба пуррагӣ ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва ба пуррагӣ ҷамъ намудани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят мутобиқи нақша-чорабиниҳои мақсаднок бо номи шартии «Назорат», аз санаи 1-ум то 10-уми августи соли 2020 амалиёти муоинаи техникӣ гузаронида мешавад.
Аз аввали соли 2020 то 26-уми июли соли ҷорӣ теъдоди 7 ҳазору 950 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуда, 2 ҳазору 943 ронанда воситаҳои нақлиёти гуногунтамғаи худро дар қаламрави ВМКБ аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузарониданд. Барои истифодабарандагони воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда, ба 301 ронанда иҷозатномаи махсус барои сиёҳшиша дода шуд.
Ҳадафи асосии гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ин саривақт бартараф кардани камбудию норасогиҳои техникии воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб қарор доштани автомашинаҳо буда, баҳри пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ равона гардидааст.
Аз ин рӯ, Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ба саҳми ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки воситаҳои нақлиётии худро аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ саривақт гузаронанд. Ғайр аз ин бояд қайд намуд, ки барои гузаронидани воситаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои вилоят аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ автомошинаи сайёр сафарбар карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар худи маркази ташхиси техникӣ хизматрасонихои БДА, боҷи давлатӣ, суғуртаи воситаҳои нақлиёт, ташхиси таҷҳизотҳои газӣ, муоинаи тиббии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми гузаронидани воситаҳои наклиёт аз таҷҳизотҳои муосири техникӣ аз қабили санҷиши холати заҳрнокии партовҳои автомашинаҳо, таҷҳизоти рушноисанҷӣ таҷҳизоти санҷиши носозиҳои чамбараки автомашина ва таҷҳизот барои санҷиши тамоми қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо муҷаҳҳаз карда шудааст.

959960

Дар сурати аз ҷониби кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ошкор гардидани қоидавайронкунӣ дар самти нагузаронидани автомашинаҳо аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нисбати ронандагон мутобиқи талаботи қонунҳои амалкунандаи БДА ВКД ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ҷарима ситонида мешавад.
Далер Чоршанбе, майори милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика