Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ҳолатҳои қаллобӣ ба маблағи махсусан калон

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми майи соли 2019, марди 31-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 177 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ошёнаи 5-уми бинои навсохт, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки санаи 30-юми марти соли 2020, “Орзӯ” ва “Зафарҷон” ном шахсон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 275 ҳазору 400 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-сола ва ҷавони 20-солаи сокинони шаҳри Ҳисор, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика