Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Пешсудшуда боз даст ба ҷиноят зад

165

Мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таъмини тартибот ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз чунин зуҳурот самти афзалиятнок дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад.
Кормандони шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон дар баробари бурдани корҳои тафтишотӣ дар натиҷаи баррасии аризаи сокини шаҳри Бохтар, дар ошкор намудани як ҷинояти дуздӣ низ саҳми назаррас доранд.
Гумонбари ҷинояти дуздии моликияти шаҳрвандон Абдулхайров Саймумин, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Вахш, пеш суд шудаву адои ҷазо карда бошад ҳам, роҳи дурусти зиндагиро интихоб накарда, боз такроран даст ба ҷиноят мезанад.
Охирҳои моҳи июни соли равон ҳангоми дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Сафаров Алиҷон, сокини шаҳри Бохтар ба ҳайси устои таъмири хона қарор доштанаш, ба боварии соҳибони хона даромада, аз набудани онҳо истифода намуда, маблағи 10 000 сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф менамояд, ки ба ҷабрдида 17 000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Абдулхайров С. дар 2-ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.

166167168

Айни замон нисбати Абдулхайров Саймумин дар шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика