Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Айнӣ ва Кушониён

Рӯзи 1-уми августи соли 2020, тахминан соати 08:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ашуров Абдуалим Рустамович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 150-200 метр фаромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа ронанда Ашуров А.Р ва фарзанди хурдсолаш, Ашурзода Иброҳим Абдуалим, соли таваллудаш 2019, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, дигар мусофиронаш ҳамсараш, Холматова Саида Шамсидиновна, соли таваллудаш 1985, фарзандони ноболиғаш; Ашуров Исохон Абдуалимович, соли таваллудаш 2005, Ашурова Сумая Абдуалимовна, соли таваллудаш 2007, ва Ашурова Ҳалима Абдуалимовна, соли таваллудаш 2011, истиқоматкунадагони ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона санаи 2-юми августи 2020, тахминан соати 10:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ғуломов Дилшод Акрамҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон, Ибрагимова Бибигул Аҳмадовна, соли таваллудаш 1957 ва Қурбонова Хатича Шарифовна, соли таваллудаш 1979 сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакантро зада пахш намудааст.
Дар натиҷа Ибрагимова Б.А ҷароҳатҳои гуногунӣ чисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва Қурбонова Х.Ш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика