Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2020, дар кӯчаи Амиршоеви пойтахт марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 5-адад автомашинаи тамғаҳои «Лексус», «Тайота», «Мерседес-Бенс», «Ланкрузер», «Хундай» ва манзили истиқоматиашро гирифта, ваъда додааст, ки маблағаш 103 ҳазору 300-доллари амрикоиро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, номбурда моҳи ноябри соли 2019, дар кӯчаи Қаҳҳоров бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ 78 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, вале то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика