Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент

Рӯзи 28-уми июли соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Леганзе», Низомов Амиршоҳ Надиршоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди ноболиғ, Абдуллоев Юсуфҷон Яқубҷонович, соли таваллудаш 2013, сокини ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи мазкурро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Абдуллоев Ю.Я. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 28-уми июли соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Алиев Ораз Ашурович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Панҷакент-Айнӣ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мелиева Гулшан, соли таваллудаш 1946, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри мазкурро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мелиева Г. аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика