Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

910

Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, волоияти қонун кормандони мақомоти милитися бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ӯҳдадориҳои хизматии худро иҷро намуда, пайи иҷрои ин кори пуршараф фаъолияти шабонарӯзӣ менамоянд.
Далели ин гуфтаҳо рафтори наҷибона ва ҷавонмардонаи прапоршики милитсия Сафаров Анваршо Маҳмадсобирович, корманди ШХТҶ-и ШВКД дар шаҳри Норак, ҳангоми адои хизмат мебошад.
Санаи 08.07.2020 сол духтари ноболиғро, ки дар дарёи Вахш дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт наҷот дода, бо ин амали худ ба касби худ содиқ буданро муаррифӣ намуд. Дар ҳамин ҳол номбурда аз худ далериву ҷасурӣ нишон дода, бо ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешгирии эҳтимоли сар задани ҳодиса гашт.
Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ҷамъомади ҳайати шахсии шуъба доир гардид.
Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо рафтори шуҷоатмандонаи корманди милитсия Анвар Сафаровро намунаи баланди хизматӣ, садоқат ба касб ва эҳтироми баланд ба мардум арзёбӣ намуда, ӯро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонид.
Сипас аз номи Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШВКД дар шаҳри Норак подполковники милитсия Саидаҳрор Мирзоев барои нишон додани мардонагиву шуҷоат ва содиқ будан ба Савганди хеш ба корманд изҳори сипос намуда, дар фазои тантанавӣ ӯро бо тӯҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ карда, инчунин ба самъи ҳозирин фармон дар бораи додани рутбаи ғайринавбатӣ ба прапоршики милитсия Сафаров Анваршо Маҳмадсобирович–ро эълон намуд.

913

Мавриди қайд аст, ки маҳз масъулияти кормандони шуҷоъу далер ва пурдонишу бомалакаи мақомоти қудратист, ки волоияти қонун ва тинҷию оромӣ дар кишвар ҳукмфармо аст. Ва ин боиси сарфарозист.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика