Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Нуробод

Санаи 4-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Давлатов Маликҷон Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳаливарди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромад, ба истгоҳи ҷамоати деҳоти мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа худи ронанда, Давлатов М.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, мусофири автомашина, Азизов Сайфиддин Балаҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамон ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мутаассифона, санаи 5-уми июли соли 2020, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исломов Наҷибулло Амирбекович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Комсомолобод ба самти деҳаи Чинор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 100-120 метр ҷаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Исломов И.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур, Орзуев Насим Манзарович, соли таваллудаш 2000, сокин ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика