Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯхтор дар Беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб

Дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу насби таҷҳизоти обгармкунанда (термекс) санаи 4-уми июли соли 2020 соати 08:10 дақиқа дар болопӯши бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров, воқеъ дар маҳаллаи Борбад 4-и шаҳри Кӯлоб, сӯхтор ба амал омад.

Бо қабули хабар ба ҷойи ҳодиса се адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунии асоси ва махсуси оташнишонии шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шуданд. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ болопӯши бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ дар масоҳати 9 метри мураббаъ месӯхт.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳҳои паҳншавии оташ ба зуддӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш ба зуддӣ хомӯш карда шуд.

Бино ба иттилои коршиносони соҳа гунаҳгори ҳодиса барқчии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сохтмони махсус»-и шаҳри Кӯлоб Муродалӣ Ғуломов мебошад. Зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад. 

Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ бурда мешавад.

СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика