Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯхтор дар манзили истиқоматӣ

Шаби 2-юми июли соли 2020 соати 23:18 дақиқа дар манзили истиқоматии сокини деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд шаҳрванд Солиев Баён Расулович соли таваллудаш 03.03. 1964, мувақатан бекор, сӯхтор ба амал омад.

Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон, ки он аз қисми оташнишонӣ дар масофаи 37 км ҷойгир аст, дар масоҳати 70 метри мураббаъ болопӯш ва дохили манзили истиқоматиро алангаи оташ фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии оташ ба дигар биноҳои ёрирасон ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро ба миён оварда буд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент роҳҳои паҳншавии оташ ба зуддӣ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, сӯхтор бо истифода аз як адад нақлиёти соҳавӣ дар масоҳати аввалааш дар кӯтоҳтарин фурсат ба пурагӣ хомӯш карда шуд.

Мутаасифона то ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон, дар натиҷаи сӯхтор келини соҳибхона Каримова Таҳмина Арслоновна, миллаташ тоҷик, соли таваллудаш 1977, мувақатан бекор бо фарзандонаш Солеҳзода Меҳваршо соли таваллудаш 2016 ва Солеҳзода Талабшо соли таваллудаш 2018 фавтидаанд. Инчунин соҳибхона шаҳрванд Солиев Баён Расулович соли таваллудаш 03.03. 1964, ҷароҳати сӯхтагии бадан бардошта, ба Шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, тибқи иттилои табибон бо дараҷаи 2.3.4-ум (99%) сӯхтагии бадан ва 30% сӯхтагии роҳҳои нафас, бистарӣ гардонида шуд. Сабаб ва гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад.

Мувофиқи иттилои коршиносони соҳа зарар аз сӯхтор 7780 сомонӣ буда, маблағи молу мулки аз сӯхтор эмин нигоҳдоштаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба 122000 сомонӣ баробар мебошад. Дар ҷойи ҳодиса роҳбарияти Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Прокуратура, гурӯҳи фаврии ШВКД дар шаҳри Панҷакент ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор ҳузур доштанд. Тафтишот оид ба ҳодисаи ба амал омада, аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Панҷакент бурда мешавад. 

СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика