Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти нашъаҷалобон

558

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои фаъолиятест, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шуда, ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳодиҳии фаъолияти шуъбаву хадамотҳои мақомот ба ин самт таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Маводи мухаддир дар замони ҳозира яке аз сарчашмаи хатарнок маҳсуб ёфта, мутаасифона бештар ба он баъзе аз ҷавонон саргармӣ пайдо менамоянд, ки оқибатҳои ногуворро дар паи дорад.
Имрӯзҳо ҳар яки моро зарур аст, ки барои пешгирии амалҳои номатлуб, гумроҳшавии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бояд саҳмгузор бошем.
Дар натиҷаи гузаронидани коркардҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак се нафар шаҳрвандон бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва хариду фуруши маводи нашъадори навъи «Ҳашиш», дастгир карда шуданд.
Инҳо:

555
Одинаев Шермаҳмад -соли тавллудаш 1992 сокини ноҳияи Дарвоз ВМКБ

556

Сабуров Манучеҳр - соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кулоб

557
Қобилҷони Мирзомуддин ,- соли таваллудаш 1991 зодаи шаҳри Кулоб, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд.

Нисбати гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД шаҳри Норак павандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика