Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯхтор дар мағозаи хӯрокворӣ

Шаби 30-юми июни соли 2020 соати 23:45 дақиқа дар мағозаи хӯроквории кӯчаи Зебуниссои ноҳияи Данғара, ки ба соҳибкор Боронов Сафаралӣ Боймаҳмадович соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара таалуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.

Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон дар масоҳати 9 метри мураббаъ дохили мағозаро оташ фаро гирифта буд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар кӯтоҳтарин фурсат ба пурагӣ хомӯш карда шуд.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳа сабаби сӯхтор вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбоби маишии барқӣ-яхдони (холодилник) буда, гунаҳгори ҳодиса худи соҳибкор Боронов Сафаралӣ Боймаҳмадович мебошад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ маблағи зарар аз сӯхтор 4650 сомонӣ мебошад. Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст.

Ҳаргуна овозаҳои беасос дар баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гӯё мағоза аз тарафи шахси номаълум оташ задашудааст асоси воқеӣ надорад.

Шуҳрат Тағоймуродзода
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика