Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони фаъол ба кумаки сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон рафтанд

903

Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 дар деҳаҳои 18-ум анҷумани ҳизб ва Неъматулло Асадуллои ноҳияи Хуросон, натиҷаи омадани сел ба сокинон зарари ҷиддӣ расонида буд.
Барои бартараф намудани оқбатҳои офати табии давлат ва ҳукумати кившар тамоми чораҳоро андешида, ҳамарӯза корҳои амалӣ ба анҷом расонида истода, ба мардуми зарардида кумак мерасонанд.
Аз ҳар гӯшаи ватанамон ҳашарчиёни ихтиёрӣ ба ин ҷо ташриф оварда, дар минтақаҳои сохтмонӣ барои анҷом додани корҳои сохтмончиён кӯмакрасонӣ намуда, барои ҳарчи тезтар анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин минтақаҳои офати табии ноҳияи Хуросон мусоидат менамоянд.

904905907906908

28 июни соли 2020 бо ташаббус ва дастгирии Роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти РВКД–и вилояти Хатлон ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар ҳайати 200- нафар ба мавзеи зарардидаи ноҳияи Хуросон сафар карда, дар ҳар як манзил тариқи ҳашари дастаҷамъи ба сокинони маҳаллаи навбунёд дар корҳои сохтмонӣ кумак расонида, инчунин бо мақсади пешгирӣ аз бемории сирояти нави коронавирус суҳбату мулоқотҳо доир намуданд .
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика