Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи амалиёти шартии «Наврас»: Ошкорсозии ҳолатҳои оворагардии ноболиғон

894

Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти профилактикию фаҳмондадиҳӣ бо номи шартии «Наврас» ҷараён дорад. Мақсад аз баргузории он пеш аз ҳама пешгирии оворагардию кӯчагардии ноболиғон, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон аз оқибатҳои бемории коронавируси Ковид-19 мебошад. 

Амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт дар якчанд марҳила баргузор карда шуд. Аз ҷумла дар марҳилаи навбатӣ танҳо дар давоми як рӯзи баргузории он дар кӯчаҳои пойтахт, аз ҷониби кормандони милитсия 51-ҳолати ба амалу кирдорҳои ношоям машғул шудани ноболиғон ба қайд гирифта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи қонунгузорӣ истифодаи ноболиғон барои иҷрои корҳои вазнин, ки ҳанӯз хуб инкишоф наёфтаанд, аз ҷониби волидайн ва дигар ашхоси онҳоро ивазкунанда манъ мебошад. Кӯдакону наврасон бештар бояд ба омӯзишу аз бар намудани илму дониш машғул шаванд. Ҳамзамон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавируси Ковид-19 хонандагон пеш аз муҳлат ба таътили тобистона баромадаанд, то камтар ба берун бароянду саломатии худро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ нигоҳ доранд, зеро кӯдакону наврасон интиқолдиҳандаи беморӣ аз кӯча ба хона мебошанд. Вале чуноне мушоҳидаҳо нишон дод, мутаассифона бархе ноболиғон аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба кӯчагардӣ ва дигар амалҳои ношоям машғуланд.
Аз ҷумла дар ҷараёни амалиёти мазкур 6-ҳолати савдои кӯчагӣ, 3-ҳолати талбандагӣ, 3-ҳолати дуд додани испанд, 1-ҳолати оворагардӣ ва мошиншӯӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда инчунин дигар ҳолатҳои ба ин монанд, ки заҳмати ҷисмонии ноболиғон истифода мешуд ошкору муайян карда шуданд. Кормандони мақомоти милитсия бо ҳамаи ин нафарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон нисбати 27-нафар волидайн барои бемасъулиятӣ ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди фарзанд ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

895896

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин амалиёту корҳои фаҳмондадиҳӣ танҳо ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатии сокинон равона шудааст. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон махсусан волидайн хоҳиш менамояд, ки нисбати онда ва саломатии фарзандони худ бетафовут набошанд ва нагузоранд фарзандони онҳо ба кӯчагардиву амалу кирдорҳои ношоям машғул шаванд. Зеро танҳо насли солиму бо маърифат ва дорои илму дониш метавонад ояндаи дурахшони худро бунёд созад.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика