Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор ва телефони мобилӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ бо ариза марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии К.Гулнора 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ариза зани 36-солаи сокини пойтахт коргари мағозаи “Ширин” муроҷиат намудааст, ки санаи 28-уми июни соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ бинои-70, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-8”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистон ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика