Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

840

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеш қарор гирифта, масъулияти баланди касбиро имрӯз ва дар оянда низ, идома медиҳанд.
Дар баробари фаъолияти хизматӣ кормандони милитсияи вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои тавсияҳои Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус вусъат ва тадбирҳои мушаххасеро роҳандозӣ намуда, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор медиҳанд.
Аз ҳисоби сардорони шуъбаҳо, нозирони минтақавӣ, нозирони шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсат, кормандони оперативӣ, кормандони БДА ва ҷавонони фаъол, гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шудаанд.
Дар асоси дастури роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон, бо ташаббуси сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои хизматӣ аксияҳо гузаронида шуда, дар муддати ду рӯз зиёда аз 6500 (шаш ҳазору панҷсад) дона ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон ба аҳолӣ тақсим карда шуд.

841842843

Чунин чорабиниҳо аз ҷониби кормандони Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди шаҳрҳҳои Бохтар, Леваканд , ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Балхӣ, Балҷувон ба роҳ монда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳикунанда бо аҳолӣ вобаста ба истифодабарии ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, риояи ҳолатҳои санитарӣ, фосилаи байни ҳамдигарӣ, бурда мешаванд.
Инчунин мунтазам маъракаи густурдаи безараргардонӣ бо истифода аз маводҳои тамизкорӣ дар минтақаҳои хизматӣ, бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, истгоҳҳо, маҳалаҳо ва деҳаҳо амалӣ карда мешаванд, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бахусус бемориии нави короновирус пешгирӣ карда шавад.

844845846

Дар роҳи ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ имрӯзҳо ин иқдом дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика