Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи нақлиётӣ

558

Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони гаронарзиши аз хориҷи кишвар воридгардида ба симои пойтахт ҳусни дигар зам намудааст.
Мутаассифона дар ин раванд, баъзе аз шаҳрвандон махсусан баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, дар баробари вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳамзамон нисбати ин зебоиҳо хунукназарона рафтор мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки санаи 30-юми майи соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс рақами қайди давлатиаш 0845 ЕМ 01 шаҳрванд Раҷабов Умарҷон Тоҷиддинович соли таваллудаш 30. 07. 2001, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Қаҳҳоров, ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи «Наврӯзгоҳ» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороишии бо номи «Каштан»-ро шикастааст.
Нисбати ронандаи мазкур тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намуд.

559

Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика