Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

838

Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар мардуми шарифро ба ба сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъии аҳлона дар баробари мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 даъват намуданд, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар баробари вазифаҳои хизматӣ аз худ масъулият ва ташаббускорӣ нишон дода, дар ин раванд тамоми тадбирҳоро андешида истода, бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон имрӯзҳо корҳои оммафаҳмонию тарғиботӣ ва безараргардонӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур ва ҷузъу томҳои он дар тамоми муассисаю ташкилотҳо, бозору дӯконҳо, корхонаю идораҳо, боғҳо, гулгаштҳо , кӯчаю маҳаллаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ гузаронида шуда истода аст.
Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон бе риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб иштирок мекунанд, ки метавонад сабаби афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла паҳншавии коронавирус гардад.

839

Корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуда, аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатӣ ба аҳолӣ бештар фаҳмонида мешавад.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика