Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

 837

836Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумори он қонуни ҷиноятӣ ва ҳам маъмурии Тоҷикистон манъ намуда, риоя накардани чунин маҳдудият метавонад боиси ҷавобгарӣ шавад. Давраи мазкур аз 1уми апрел фаро расида то 15-уми июн идома меёбад. Чун солҳои қаблӣ коргузории шуъбаи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақа дар соли ҷорӣ низ қонуншиканӣ дар ин самтро ба қайд гирифта дар баробари тартиб додани якчанд маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 6 ҳолати ҷиноятиро ошкор намуданд, ки боиси дар асоси моддаи 230 Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудани шаҳрвандон гашт. Аз гумонбаршудаҳо, ки дар минтақаҳои гуногуни обанбори Баҳри тоҷик ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом ва Ашт дар мавзеъҳои тухмгузорӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд навъҳои гуногуни моҳӣ ва предмети дар ҷиноят истифода шуда тури моҳидорӣ ва заврақ мусодира шудааст. Қуруқшиканҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Б. Ғафуров ва Ашт мебошанд, ки асосан дар мавзеи обанбори Баҳри тоҷик тур гузошта ҳаракатҳои худро шабона содир менамуданд. Қобили қайд аст, ки чунин ҳаракатҳои харобиовар ба захира ва афзоиши моҳӣ таъсири манфӣ гузошта ин намуд ҳайвоноти обиро ба несту нобудшавӣ оварда мерасонад.


Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика