Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корбари бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

1038

Ҳифзи саломатии аҳолӣ самти фаъолиятест, ки имрӯзҳо милитсия бо назардошти пайдо шудани бемории сироятии «Covid 19» ба он таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Бо дастури роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории ҳамагир чорабиниҳои маърифативу санҷишӣ ва огоҳикунанда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пурзӯр карда шудааст. Корҳои назоратӣ бо назардошти рафту омади зиёд ва шиддатнокии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Хуҷанд бештар ба роҳ монда шуд.
Фаъолияти якҷояи шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсат ва хадамотҳои бахши хизмати шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд зимни гузаронидани санҷиш дар кӯчаю бозор, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя нагаштани чораҳои беҳдоштӣ, ки соҳаи тандурустӣ тавсия медиҳад, аз қабили бе ниқоби муҳофизатӣ ба кӯча набаромадан, риояи ҳолатҳои санитарӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва дигар қоидаҳои ҳифзкунанда аз вирус ба назар мерасид.

10391040

Масалан дар ҳудуди бозори Панҷшанбе ҳарчанд маъмурияти бозор лавҳаи огоҳкунанда насб намуда бошад, ҳам аз ҷониби баъзе аз фурӯшандаҳои нуқтаи савдо бепарвоӣ зоҳир мешавад. Дар ҳудуди бозор бе ниқоб ва лавозимоти санитарӣ машғул шудан ба фурӯши молу маҳсулот ба назар мерасид, ки ҳайати корӣ ба қоидавайронкунандагон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузарониданд. Ба ҳамин монанд дар баробари фурӯшандаҳо шаҳрвандон низ ба мушоҳида мерасиданд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуда бе ниқоб гаштугузор ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекарданд.
Қоидаҳои санитарии аз ҷониби Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза зидди коронавирус пешбинишуда дар бозори Афросиёби шаҳри Хуҷанд ба таври зарӯрӣ ба рох монда шуда, дар чор даромадгоҳи бозор муттасадиён вобаста шудаанд, ки баъди санҷиш бо дастгоҳи ҳароратсанҷ ва истифодабарии маҳлули антисептикӣ иҷозати воридшавӣ ба бозор медиҳанд.

10411042

Санҷишҳои милитсия дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ҷойҳои гаштугузори одамон идома дошта, бо аҳолӣ ҷиҳати риояи тавсияи аз ҷониби Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза зидди коронавирус пешбинишуда корҳои фаҳмондадиҳӣ дар се самт - тавассути баландгӯякҳои нақлиёти хизматӣ, суҳбати рӯ ба рӯ бо аҳолӣ ва санҷиши нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ гузаронида мешавад.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика