Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назоратчии барқ маблағи муштариёнро тасарруф кард

1036

Дар асоси аризаҳои воридщуда ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов нисбати собиқ назоратчии шабакаҳои барқ дар ҳамин ноҳия шаҳрванд Бегиҷонов Улуғбек Маъмурович соли таваллудаш 1979 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи мазкур барои азонихудкунии маблағи аз ҳисоби муштариён пардохтшуда ва мардумфиребӣ тибқи талаботи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ 245 ва 247 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Агар ин нозири шабакаҳои барқ дар давраи фаъолияти хизматӣ маблағи муштариёнро ба суратҳисоби ташкилот насупорида бошад баъди аз кор ихроҷ шудан рӯи рост даст ба мардумфиребӣ зада худро то ҳануз назоратчии фурӯши барқ муаррифӣ намуда ба боварии муштариёни маишӣ даромада бо ваъдаи мусоидат кардан дар пардохти кам нисбат ба онеки ҳисобкунаки барқи хисоб кардааст маблағ ба даст оварда ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст.
1037Зарардидагон асосан хоҷагидоронанд, ки барои истифодаи пойгоҳи обкашӣ қувваи барқро истифода бурда, баъди муайян шудани ченаки ҳисобкунак ва бақайдгирии он аз ҷониби шабакаҳои барқ, роҳи ҳаллро тавассути У. Бегиҷонов ҷӯё шудаанд. Аммо ин чораҷӯӣ онҳоро ба доми қаллоб афтонид. Бо ваъдаи мусбӣ ҳал кардани кори нафаронеки ба шабакаҳои барқ корафтода шудаанд шеваи дигари мардумфиребиҳост. Ба мисли аз саҳни хавлӣ ба берун кӯчонидани симчӯб, гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайраҳо.
То санаи 30 май дар парвандаи ҷиноятии нисбати Улуғбек Бегиҷонов оғоз гардида 16 аризаи шаҳрвандон қайд гардидааст, ки пушти ҳар як муроҷиат зарари моддӣ меистад. Лозим ба таъкид аст, ки ин нафар қаблан дар давраи фаъолияташ дар шабакаҳои барқ ду маротиба барои азонихудкунии маблағи муштариёни барқ ба чавобгарии ҷинояти кашида шудааст.
Боз ба ҳамин вазифа роҳ ёфтани ӯ ба содиршавии ҷиноят замина гузошт.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика