Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар як шахс бояд муҳофизи саломатии худ бошад!

1031

Имрӯз (01.06.с.2020), бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, доир ба пешгирӣ ва паҳн нагардидани бемории коронавирус ”COVID-19” дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятии маркази ноҳияи Рашт аз ҷониби кормандони Шуъбаҳои дастгоҳи марказии Раёсати мазкур бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, бе зарурат гаштугузор накардан дар кӯчаву хиёбонҳои марказӣ ва эмин нигоҳ доштани саломатии худ аз бемориҳои сироятӣ бо сокинони ноҳия тавсияҳо дода шуд.

1032103310341035

Зикр гардид, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯ буда, бояд чораҳои беҳдоштиро риоя намуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика