Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созанда мебояд на сузанда

Офатҳои табиии вақтҳои охир бавуҷудомада, боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ дар як қатор манотиқи кишвар гардиданд. Барои рафъи оқибатҳои он Ҳукумати кишвар саривақт дастур дод, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ба мардум расидагӣ карда, ҳамаҷониба кумак расонанд.

Мутаассифона баъзе хабарнигорон ҷойи дастгирии маънавӣ ва роҳҳи ҳалли масъала аз мусибати ба сари сокинони минтақаҳои офатзада омада истифода карда, мехоҳанд бо ангехтани иғвою дасиса, бедор кардани ҳисси норозигӣ ва равған рехтан ба оташи қаҳру ғазаби сокинон фазои зиндагиро ноором созанд.
Хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» Абдуллоҳи Ғурбати рӯзи гузашта, бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо эътибор надода, хост ворид шуда ҳамсару фарзандон, алалхусус ноболиғон, ки дар хаймаҳо буданд, ба навор гирифта гузориши «ҳангоманок» таҳия намояд. Ӯ инчунин дар вуҷуди сокинони аз офати табиӣ зарардида ҳисси норозигиро ба давалту ҳукумат бедор карданӣ шуд. Чунин рафтори хабарнигор ба сокинон хуш наомад ва онҳо Абдуллоҳи Ғурбатиро аз хаймаҳои худ дур ронда нагузоштанд шароити зисту зиндагии онҳоро халалдор ва расонаӣ намояд.
Номбурда ба монеъ шудани сокинони нигоҳ накарда бо дахолат кардан ба зиндагии шахсии онҳо ба наворбардорӣ машғул гардид. Дар натиҷа миёни сокинон ва Абдулоҳи Ғурбатӣ муноқиша ба вуҷуд омада, сабаби вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид.

Вобаста ба ин ҳодиса барои муайян намудани шахсони гунаҳкор корҳои оперативи ҷустуҷуи идома дорад. Ҳолати ба вуҷудомада таҳти назорат қарор дорад.
Дар шароити имрӯз бинобар сабаби доман паҳн кардани бемории сироятии коронавирус, ки рӯҳияи мардуми на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳонро як ҳисси изтиробу ташвиш фаро гирифтааст, аҳли ҷомеа, бахусус хабарнигорон, ки инъикоскунандаи ҳаёти ҷомеа мебошанд, бояд яъсу ноумедӣ ва рӯҳафтодагиро бо сеҳри сухани худ бартараф сохта, ҳамчун чароғи умед дар қалбҳои одамон умеди онҳоро ба фардо рушан кунанд. Бояд созанда буд на сузанда.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика