Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздии 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-адад телевизор

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми майи соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-соли сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи майи соли 2020, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии апааш, зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳринави ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “ЛҶ”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика