Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

551

Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз эҳтимолияти мубталошавӣ ба бемории сироятии «Covid-19» гузаронида мешавад, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии мақомоти корҳои дохилӣ нақши калон доранд. 

Иштироки фаъолонаи оташнишонон бо нақлиётҳои сухторхомӯшкунӣ ва дигар техникаҳои обпошӣ зимни корҳои безараргардонӣ собитгари он аст, ки дар вақти кутоҳ масоҳати бузург дезинфексия карда мешавад.
Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ва қисмҳои мустақили он дар шаҳру ноҳияҳои минтақа давоми зиёда аз як моҳ аст, ки дар маъракаҳои пешгирӣ ва мубориза алайҳи паҳншавии бемории коронавирус ҷалб гардида, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд. Базаи моддӣ техникии хадамоти мазкур имкон медиҳад, ки дар чорабиниҳои зидивирусӣ, ки Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии «Covid-19» пешбинӣ менамояд, қисме аз техникаю таҷҳизотҳои соҳавӣ самаранок истифода шаванд. Бо ҳамин мақсад дар миқёси 18 шаҳру ноҳияи вилоят 42 нақлиёти оташнишонӣ, 88 адад таҷҳизоти дастии безараргардонӣ ва 130 нафар ҳайати шахсӣ дар баргузории чорабиниҳои безараргардонӣ ба хизмат сафарбар шуда нақлиёт ва дастгоҳҳои фишордиҳандаи обпошӣ истифода мешаванд.

552553

Масалан ҳамингуна корбарии оташнишонон ҳафтаи равон дар ҳайати ситоди безараргардонӣ ба муқобили «Covid- 19» дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Тадбирҳои безараргардонӣ дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Гагарин, Сирдарё, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Шарқ, Фирдавсӣ, Саидвалиев, Истиқлол ва микроноҳияҳо ташкилу роҳандозӣ гардиданд.
Тавре аз Раёсати ХДО вилояти Суғд иттило доданд ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии «COVID-19» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо идома ёфта, оташнишонон вобаста карда шудаанд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика