Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар ВМКБ

182

Бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» дар РВКД ВМКБ ба бархе аз ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори РВКД дар ВМКБ барои ҳамкории судманд ва нишон додани фаъолияти баланд дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ бо маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод ҷавонони фаъоли ВМКБ-ро табрику таҳният намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва барору комёбиҳо таманно намуд.
Мавсуф зимни баромад дар назди ҷавонон қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро сутуни асосии миллату давлат шуморида, онҳоро дар соҳаҳои хизматӣ пайваста дастгирӣ намуда, ба мансабҳои баланди роҳбарикунанда таъин намуда истодаанд, ки ин нишон аз боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат ба ҷавонон дониста мешавад.
Ин қишри созандаи ҷомеа чун идомадиҳандагони ормонҳои дерини аҷдодӣ парчамбардорони миллат ва пайравони кору пайкори Пешвои миллат, бо тамоми ҳастии хеш эҳсос менамоянд, ки дӯст доштани ватан, баланд бардоштани обрӯю нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, ифтихор кардан аз он ва барои ҳифзу ҳимояи хоки муққадаси диёри маҳбуб омода будан, арзишҳое мебошад, ки танҳо ба воситаи он мо метавонем кишвари ободу пешрафта ва пуриқтидор бунёд намоем.

183184

Ҷавонон низ дар навбати худ барои минбаъд низ сари вақт иҷро намудани он вазифаҳои дар пешистода бо боварии комил баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ибрози ақида намуданд.
Далер Ҷоршанбе, майори милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика