Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ахборот оид ба офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон

Рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 дар натиҷаи боронҳои пардарпай дар якчанд шаҳру ноҳияҳо омадани сел ва расонидани зарари иқтисодӣ ва ҳисороти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд.

Чунин ҳолат дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ ва Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боришоти зиёди борон сел фаромада, ба зиёда аз 100 хонаи истиқоматӣ лойқа даромада, як чанд хонаи истиқоматии дигар пурра осеб дидааст.
Ҳамзамон зимни боришоти борон шаҳрвандон Бекмуродов Холбой Урозалиевич, таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Пахтаобод ва Камолов Қумриддин Ҳасанович, таваллудаш 1956, сокини ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Гулистон, ба ҳалокат расидаанд.
Имрӯз 17 майи соли 2020 низ таҳдиди такроран омадани сел ба вуҷуд омада, мардум ба шоҳроҳи Бохтар-Душанбе ба ҷойи бехавф баромаданд.
Дар натиҷаи корбарӣ мардум ҷобаҷо карда шуда, корҳои барқароркунӣ идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба ҳодисаи офати тибиӣ дар ноҳия аз ҳисоби сохторҳои дахлдори давлатӣ Ситод таъсис дода шуда, корҳои барқароркунии роҳҳо, иншоотҳои муҳим ва хонаҳои истиқоматӣ зери назорат қарор дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика