Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаи нақлиётии фоҷиабор дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок

Мутаассифона, санаи 25-уми апрели соли 2020, тахминан соатҳои 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Шокиров Манучеҳр Собирҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд, дар 245 км роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Хоҷамуродов Бахтиёр Холтураевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Зафаробод, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Шокиров М.С. ва мусофиронаш: Бахтиёри Бойназар, соли таваллудаш 1989, Муродов Фарҳод Исмоилович, соли таваллудаш 1990, Пулотов Далер Додоҷонович, соли таваллудаш 1994, сокинони шаҳри Гулистон, инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Хоҷамуродов Б.Х. ва мусофиронаш: Турдиев Қурбон Ҳайдарович, соли таваллудаш 1973, Сангинов Уммат Наимович, соли таваллудаш 1962, Ҳайдаров Алишер Қурбонбоевич, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Зафаробод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика