Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нақлиётии марговар дар минтақаҳои гуногуни кишвар

Рӯзи 3-юми апрели соли 2020, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Нексия», Маҷидов Суҳробшоҳ Музафарович, соли таваллудаш 1981, сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Махсум ба самти маҳаллаи Зарафшон, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Тоҷ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тиллоев Бахтиёр Азимхонович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Панҷро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, Тиллоев Б.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи 2-юми апрели соли 2020, тахминан соати 23.00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Абдулхайров Абдулвадуд Ҷабборович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Ҳушёри Гулободи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди н.Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хова”, таҳти идораи ронанда, Валиев Хуршед Ярматович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз самти вилояти Суғд ба самти ш.Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Абдулхайров А.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 2-юми апрели соли 2020, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Урунбоев Қаҳрамон Раҳимбоевич, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Шаҳринави ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда, Урунбоев Қ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидааст.
Мутаассифона, мусофири дохили автомашина, ноболиғ, Мадибрагимов Ҷаҳонгир Ҳабибҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини деҳаи Қаҳрамон, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика