Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳмгузорӣ дар ободии диёр

920

Масъулини мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла ба корҳои ободониву созандагӣ низ мароқ зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки кормандони ВКД пайваста аз худ ташаббус нишон дода, дар ободию зебогии диёр саҳмгузорӣ менамоянд.
Имрӯз (04.04.2020), дар ВКД кормандони ин ниҳод, бо мақсади тозаю озода намудани гирду атрофи бинои Вазорат, ба ҳашар баромаданд. Зимни ин шанбегии дастаҷамъона кормандони раёсатҳо саҳни бинои Вазоратро тозаю озода карда, бехи дарахтонро нарм намуданд. Ҳамчунин дар атрофи бинои Вазорат барои боз ҳам зебову хуррум гардидани бинои маъмурӣ гулу буттаҳо шинонда шуд.

921922924

Ёдовар мешавем, ки ин шанбегии аввал нест, ки бо ташаббуси масъулини роҳбарияти ВКД роҳандозӣ мегардад. Чунин корҳои ободкорию созандагӣ ҳар рӯзи шанбе ба хотири боз ҳам ободу зебогардонии Тоҷикистони азиз роҳандозӣ карда мешавад.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика