Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаноатмандӣ аз шароити таҳсил дар Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ

774

Дар доираи нақшаи корӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чанде пеш кормандони шуъбаи ҷавонони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ дар Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе, ки дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир аст, чорабинии мақсаднок гузарониданд.
Тавре аз рафти ин чораандешӣ аён гардид, сифати таълиму тарбия ва гузаронидани машғулиятҳои амаливу назариявӣ дар ин даргоҳи илму касбомӯзӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва қоидаҳои либоспӯшӣ аз ҷониби онҳо низ риояву иҷро карда мешаванд.
Кормандони милитсия зимни шиносоӣ бо шароити илму касбомӯзӣ дар ин таълимгоҳ, аз имкониятҳои мавҷудбуда изҳори қаноатмандӣ карда, бо маъмурият ва донишҷӯёни коллеҷи мазкур вохӯрӣ гузарониданд. Зимни суҳбат бо ҷавонони касбомӯз кормандони милитсия донишҷӯёнро бори дигар баҳри омӯзиши илмҳои замон, забонҳои хориҷӣ ва нозукиҳои кори табибӣ тарғибу ташвиқ намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар масъалаи риояи одобу ахлоқи ҳамида намунаи ибрат бошанд. Тавре қайд карда шуд, бо саъю кӯшиши роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯзҳо пойтахти кишварамон беш аз пеш зебову дилрабо гардидааст. Чун аксар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе низ дар ҳудуди яке аз ноҳияҳои калон - ноҳияи Сино ҷойгир аст ва омӯзгорону донишҷӯёни онро зарур аст, ки дар кори ободу зебо гардонидани ин гӯшаи пойтахт аз худ ташаббус нишон дода, дар корҳои ҷамъиятӣ боз ҳам фаъолтар бошанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе муассисаи таълимии хусусӣ буда, дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои соҳаи тандурустии мамлакат нақши муассир дорад.
Дар ин замина, бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои мақсаднок ҷиҳати мунтазам назорат ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба дарс ҳозир шудани донишҷӯён бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ, сарулибоси ғайритавсиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ минбаъд низ идома меёбанд. Дар ин самт Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо Вазорати маориф ва илм, инчунин бо дигар мақомоту идораҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
Абдулло ШОҲИЁН, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика