Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи августи соли 2018, марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 66 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки як адад трактори тамғаи МТЗ-80 бо ҳамаи таҷҳизоташ оварда медиҳад, вале ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди 45-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2018, марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад аатомашинаи тамғаи “Мерседес-Ренф” ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай-Аксент”-ро ба маблағи 24 ҳазору 500-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда гирифта, як қисмати маблағашро баргардонида, боқимонда 11 ҳазору 500-долларро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 21 ва 33-солаи сокинони шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон моҳи декабри соли 2019, бо ҳамроҳии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада аз ӯ 29 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидаанд. Барои дастгир намудани марди 33-сола чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика