Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раддия ба хабари беасос

Сомонаи интернетии «АхборКом» санаи 30-юми март таҳти сарлавҳаи «Худкушии хонандаи синфи 11 баъди 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаи БДА» хабар паҳн намудааст, ки ба ҳолати воқеии ҳодиса мувофиқат намекунад. 

Ноболиғ Сулаймонзода Набихоҷаи Нусрат, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Оббурдон, кӯчаи Мусо Исоев, ҳавлии №2, хонандаи синфи 11 МТМУ №3-и ҳамин ноҳия санаи 29-уми март тахминан соати 13:30-дақиқа, дар анборхонаи ҳавлии истиқоматиашон бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст.
Қобили қайд аст, ки ҳодисаи мазкур ба фаъолияти БДА рабт надорад. Зеро далели гӯё зимни идораи автомашинаи тамғаи “Мерседес”-и ба падараш таалуқ дошта боздошт шудани ноболиғ асоси воқеӣ надошта, аз суханони падараш Набихоҷа Сулаймонзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебаромад ва ҳуқуқи рондани автомашинаро надошт. Ғайр аз ин падари ноболиғ Набихоҷа Сулаймонзода - Сулаймонов Нусрат Мирзоевич автомашинаи тамғаи “Мерседес” надорад ва барои ягон намуд ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима нашудааст.
Ба маълумоти истифодабарандагони ВАО мерасонем, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғи мазкур аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ маълум карда мешавад.
Расонаҳои хабарӣ маълумотҳоро дақиқ насанҷида набояд хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангез паҳн намоянд.

770771




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика