Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноуҳдабароии ронанда боиси ҳалокати ду пиёдагард гардид

Рӯзи 30-юми марти соли 2020, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-РХ-350”, Одинаев Боймаҳмад, соли таваллудаш 1949, сокини деҳаи Гулободи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар рӯ ба рӯи бозори “Автостансия”-и шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Раҳимзода Довудшоҳ Боймаҳмад, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ҳисор, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст. 

Баъдан воситаи нақлиётро ба қафо ҳай карда, пиёдагардон: Ғафуров Диловар Ғиёсиддинович, соли таваллудаш 1991, Холмуродова Файзимо Буриевна, соли таваллудаш 1983 ва Комилова Хиробон Нуруллоевна, соли таваллудаш 1973, сокинони ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Пиёдагардон: Холмуродова Ф.Б. ва Комилова Х.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ғафуров Д.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика