Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 29-уми марти соли 2020, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Музафарзода Умед Сафаралӣ, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чойхонаи ноҳияи Ёвон, ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Саргаҳи ҳамин ноҳия, пиёдагарди хурдсол Мирзошоев Мустафо Сафарович, соли таваллудаш 2018, сокини ҷамоати деҳоти С.Сурхро, ки аз самти чапи роҳ ба самти рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Мирзошоев М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, худи ҳамон рӯз, тахминан соати 16:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», Шехов Ҳотамҷон Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди шаҳри Гулистон, дар дашти шоҳроҳи “Хуҷанд-Адрасмон” қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба чуқури 21-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина, Эшқузиев Сайдулло Эргашович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Истиқлол, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашина: Одилов Пардабой Авазович, соли таваллудаш 1991, Одилов Илҳом Суюнбоевич, соли таваллудаш 1993, Туяқов Олимҷон Нуриддинович, соли таваллудаш 1984, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва Манбетов Тоҳир Зоҳирович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бо гирифтани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона муроҷиат кардаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика