Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми марти соли 2020, тахминан соатҳои 14 ба 15:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ санаи 22-юми марти соли 2020, тахминан соатҳои 14 ба 15:00-дақиқа, аз чарогоҳи деҳаи мазкур, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Себистон тааллуқ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон оид ба ҳодисаи дуздӣ ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 51-солаи сокини ноҳияи Кушониён муроҷиат намудааст, ки санаи 20-уми марти соли 2020, тахминан соати 10:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар дохили бозори ҶДММ “Ҳоҷӣ-Шариф” аз ҷайбаш 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика