Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Данғара ва Нуробод

Рӯзи 20-уми марти соли 2020, тахминан соатҳои 09:30-дақиқа, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар 81 км аз шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Валиев Меҳрубон Дилшодович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти чапи роҳ баромада, автомашинаро дар чуқурии канори роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дар дохили автомашина буда, Валиев Гадобой Дилшодович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, ронандаи автомашинаи мазкур, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мутаассифона, худи ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 12:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Старекс”, Лоиқов Фирӯз Додарбекович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рашт ба тарафи ноҳияи Нуробод дар километри 115, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири дар дохили автомашина буда, Мирзоев Маҳмаҳаит Ҳаётович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Рашт ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Ҳимматова Файзинисо Аюбовна, соли таваллудаш 1978 ва фарзандони ноболиғаш, Ҳаётова Баҳринисо Маҳмаҳаитовна, соли таваллудаш 2011, Ҳаётов Маҳмадиқбол Маҳмаҳаитович, соли таваллудаш 2009, сокинони ҳамонҷо, Зуҳуров Ҷонибек Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур, Иброҳими Хайрулло, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Нуробод, Хоҷамов Расул, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ ва Сайфиддинов Сайхуҷа, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Рашт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика