Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиш оид ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

496

Рӯзи 19-уми марти соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Азиза Давлатшоева, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр Салим ва ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҳамоиш баргузор гардид.

497499500

Дар рафти ҳамоиш нуктаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019, шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Азиза Давлатшоева бо ҳайати шахсӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, ба онҳо мазмуну муҳтавои қонуни мазкур, вазъи ҳуқуқӣ ва низоми истифодабарии забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ шарҳ дод.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика