Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳолатҳои рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Муродалиев Нуруншоҳ Сангимадович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар бетони роҳи оҳани деҳаи Қизилнишон бархӯрда, автомашинаро чаппа кардааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Рустамов Баҳриддин Бустонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Шаҳритус, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда Муродалиев Н.С ва ноболиғ Рустамов Илёс Баҳриддинович, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 3-юми МТМУ, сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, санаи 26-уми феврали соли 2020, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи аавтомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», Мирзоумедов Боводдин Ҷалолиддинович, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абая, дар рӯ ба рӯӣ хонаи истиқоматӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Мирзоумедов Б.Ҷ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика