Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

025Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қулматов Бобур Обидҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Косатарош, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба ҷӯйбори обгузар чаппа шудааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Умарова Фотима Бозоровна, соли таваллудаш 1983, сокини хамонҷо, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд”, Расулов Миралӣ Нуруллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини кӯчаи Амиршоеви пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи роҳи даромад ба бинои “Маҷмааи Варзишӣ” пиёдагард Рулонов Толибҷон Давлатович, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалии ноҳияи Восеъро пахш намудааст.
дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика