Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди волидон аз шароити хизматии фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ

848

Бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ утоқҳои махсуси дидорбинӣ ва вохӯрии сарбозон муҳайё карда шудааст.
Волидону наздикон ва оилаҳои сарбозон метавонанд дар лаҳзаҳои барояшон мувофиқ ба дидорбинии сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ биоянд.
Аз ҷумла, имрӯз (25.02.2020) чанд нафар падару модарон, барои дидорбинӣ ва шиносоӣ аз шароити хизматии фарзандони худ ба қисмҳои ҳарбии 3502 ва 54-53-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, ташриф оварданд.

849850851854

Воқеан ҳам муҳити тозаву озода, ободу сарсабз, шароити хобу хӯрок, ороиши ҳудуди қисми ҳарбии мазкур, нуқтаҳои мутобиқ ба хизмати аскарӣ эътимоду боварии волидони сарбозонро ба хизмат афзун кард.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф ва ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ буда, барои тарбияи руҳию ҷисмонӣ ва сайқали тафаккури ҷавонон мактаби бузург аст.
Шиору овезаҳо, гӯшаҳои тартибдодашудаи оинномаву низомномаҳои ҳарбӣ дар ҳудуди қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ин худ далели он аст, ки воқеан ҳам дар муддати хизмат сарбозон бо аз худ кардани донишҳои ҳарбию техникӣ ва дигар ҳунарҳо соҳибихтисос гардида, ба назди волидон бармегарданд.
Волидон на танҳо аз дидори писарони ҷасури худ ифтихору шодӣ мекарданд, инчунин аз рушду ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилии сарбозон, ки бевосита мисли фарзандони онҳо дигар диловарони диёр аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ба хизмати Модар-Ватан омадаанд, изҳори қаноату шукр мекарданд.

852853

Воқеан ҳам хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бовиқору ватандӯст аст. Пас бо ибрат аз ин гуна ҷавонони далеру шуҷоъи миллат насли ҷавону ватансоз бояд масъулияти шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан собит созанд, ки фарзанди содиқу ҷоннисори ин миллати сарбаланду тамаддунофар мебошанд.

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода,
Манучеҳр Ҷамилов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика