Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Деваштич ва Ёвон

Рӯзи 24-уми феврали соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, Эшбоев Лутфулло Фозилович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ядаки автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Маҳмудов Карим Раҳимович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Айнӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” Эшбоев Л.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 23-юми феврали соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Намозов Нуралӣ Юсуфович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Гулоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз», таҳти идораи ронанда, Авлақулов Абдурасул Бахтиёрович, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Султонобод, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Намозов Н.Ю ва мусофираш Эшмурзоев Насимхон Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика